Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба қатли вакили парлумони Қирғизистон


Қирғизистон бо наздик шудани рӯзи интихоботи раёсати он ҷумҳурӣ, ки ба моҳи июл таъйин шудааст, шоҳиди мухолифатҳои ҳарчӣ доғтари сиёсӣ мешавад.

Ин мухолифатҳо гоҳо аз ҳад мегузаранд ва ҳатто мунҷар ба сӯиқасд ба ҷони сиёсатмадорони қирғиз ва қатли онҳо мегарданд. Охирин қурбонии гирудорҳои сиёсии Қирғизистон узви парлумони он кишвар Санҷарбек Қодиралиев буд, ки рӯзи 14-уми апрел бар асари як сӯиқасд дар Бишкек кушта шуд.

Қубаничбек Исобеков, ноиби раиси парлумони Қирғизистон, гуфт, ки куштори депутат Санҷар Қодиралиев ҷанбаи сиёсӣ надорад. Ба қавли ӯ, 17-уми апрел раҳбарони ниҳодҳои қудратии кишвараш роҷеъ ба таҳқиқи ин ҳодиса ба вакилони парлумон гузориш хоҳанд дод. Санҷарбек Қодиралиев, муовини раҳбари ҳизби “Оқжол” буд, ки аз раисиҷумҳури кунунии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев пуштибонӣ мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуотии вазорати умури дохилаи Қирғизистон амалиёти гурӯҳи вижаи ин ниҳод дар мавриди боздошти қотили депутати парлумон, натиҷаи мусбате ба бор наовардааст. Ба қавли ин манбаъ, кормандони умури дохила аз рӯи нақли шоҳидони куштори Санҷарбек Қодиралиев фотороботи қотилро сохтаанд. Аммо, ба гуфтаи гурӯҳи коршиносони қирғиз, мувофиқи ин фоторобот метавон даҳҳо ҷавонони қирғизтабори кишварашонро боздошт кард.

Вазорати умури дохилаи Қирғизистон фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ ва тиҷоратии депутатро ҷанбаҳои асоси куштори вай арзёбӣ кардааст. Гуфта мешавад, аз эҳтимол дур нест, ки ин куштор ҷанбаи криминалӣ ҳам дошта бошад. Азимбек Бекназаров, раиси ситоди ҷунбиши мардумии Қирғизистон, бар ин бовар аст, ки Санҷар Қодиралиев асрори зиёдро медонист, аз ин лиҳоз, аз сӯйи раҳбарони ин ҳизб кушта шуд.

Аммо Мелис Турғунбоев, раиси федерасияи гӯштии тарзи озод ва собиқ муовини вазири дохилаи Қирғизистон, мегӯяд, Санҷар Қодиралиев мебоист, баъд аз ишғоли курсии депутатӣ робитааш бо гурӯҳҳои ҷиноиро қатъ мекард. Дар ҳолномаи Санҷар Қодиралиев омадааст, ки вай 32 сол дошта, дар деҳаи Қуршоби ноҳияи Ӯзган, воқеъ дар вилояти Ӯш, таваллуд шудааст. Аз рӯи гӯштии тарзи дзюдо борҳо унвони қаҳрамони ҷумҳурӣ ва бозиҳои Осиёиро ба даст овардааст. Тайи солҳои 2002 то 2006 ноиби раиси федератсиюни «Панкратион»-и Қирғизистон буд.

Санҷар Қодиралиев дар интихоботи парлумонии соли 2006 аз ҳавзаи интихоботии Қуршоби ноҳияи Ӯзган бо қонуншиканиҳои зиёд мақоми депутати Жуқорғи Кенешро соҳиб гардидааст. Баъд аз пароканда шудани парлумон дар соли 2007 ба ҳизби “Оқжол” шомил шуд ва дар интихоботи парлумонии ҳамон сол ба рақибони худ пирӯз омад. Яке аз депутатҳои ҷавони парлумони Қирғизистон ба ҳисоб мерафт.
XS
SM
MD
LG