Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои Русия ва Туркманистон амиқтар мешавад


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳурии Туркманистон, хостори музокирот бо “Газпром”-и Русия дар робита ба таркиш дар лӯлаи интиқоли газ шуд.

Инфиҷор дар ин лӯла, ки тавассути он гази Туркманистон ба Русия интиқол меёбад, рӯзи 9-уми апрел ба вуқӯъ пайваста буд. Дар ин ҳодиса Ашқобод ширкати “Газпром”-и Русияро айбдор намуд. Ба иттилои мақомоти ин кишвар, бахши ширкати “Газпромэкспорт”, ки дар Туркманистон фаъолият мекунад, бидуни огаҳӣ интиқоли газ аз тариқи ин лӯларо коҳиш дод, ки саранҷом боис ба инфиҷор шуд.

Анатолий Дмитриевский, раиси Пажӯҳишгоҳи проблемаҳои нафту гази Академияи улуми Русия, дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии “Вести” ҳодисаи рухдодаро бо системаи фарсудаи лӯлаҳои гази Туркманистон рабт дод. Ба гуфтаи вай, ин система охири солҳои 60-ум ва авоили солҳои 70-уми қарни гузашта сохта шудааст, ки ҳоло ба таъмиру бозсозии ҷиддӣ ниёз дорад. Вай ҳамчунин ҳадс зад, ки шояд инфиҷор бо айби мутахассисони туркман рух дода бошад. Аммо сомонаи интернетии ҳукумати Туркманистон ин гуфтаҳои Анатолий Дмитриевскийро “ғайривоқеӣ” ва “таҳрифомез” хонд.

Майкл Лаубш, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд, ки Ашқобод бо ин гуна муқовимати ошкоро бо Маскав ба кишварҳои Ғарб паём мефиристад: “Дар ҳоли ҳозир метавон гуфт, ки ба равобити миёни ин ду кишвар андаке латма ворид шудааст. Ин шояд паёми ҳукумати Туркманистон аст, ки сиёсати худро таӣйир дода мехоҳад ба Ғарб намоиш диҳад, ки акнун кишвари нерӯманд аст ва метавонад бо Кремли бузург даст ба гиребон шавад”.

Нашрияҳои чопи Маскав дигар сабабҳои ба таври ғайриинтизор бад шудани муносибати миёни Туркманистон ва Русияро ҷустуҷӯ доранд. Ба навиштаи онҳо, 6-уми апрел вазири энержии Русия Сергей Шматко аз он бонги изтироб зад, ки Туркманистон санаи идомаи музокирот оид ба бунёди лӯлаи нави газро мушаххас накардааст. Интизор мерафт, ки созиш дар ин бора дар поёни музокироти раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ва ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар Маскав имзо шавад. Вале баҳси ин мавзӯъ бо сабабҳои номаълум ба тавқиф гузошта шуд. Бархе аз расонаҳои Русия, аз ҷумла, нашрияи “Коммерсант” навиштаанд, ки баррасии мавзӯъи инфиҷор дар лӯлаи газ шояд то музокирот оид ба тарҳи бунёди лӯлаи дигар – тарҳи “Набукко” идома ёбад. Қарор аст тарҳи “Набукко” 7 май дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои аврупоӣ дар шаҳри Прага мавриди баррасӣ қарор гирад.

“Время новостей” навиштааст, моҷарои миёни Маскаву Ашқобод дар ҳоле рух дод, ки қиммати газ коҳиш меёбад ва ширкати “Газпром”-и Русия ҳарчӣ бештар мутмаин мешавад, ки созишаш бо се кишвари Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Туркманистон ва Узбакистон дар бораи харидории гази ин ҷумҳуриҳо бо қиммати аврупоӣ иштибоҳ буд. Ба навиштаи “Время новостей”, аз имзои ин созиш дар се моҳи аввали соли равон ба “Газпром” беш аз як миллиард доллар хисорот ворид шудааст. Ҳамзамон, бо коҳиши қиммат харидории газ низ поён рафтааст. Гуфта мешавад, ки ширкати “Нафтогаз”-и Украина дар се моҳи аввал аз “Газпром” ҳамагӣ 2 милиарду 600 миллион метри мукааб газ харидорӣ ва 940 миллион доллар пардохт кардаасту тамом.
Истифодаи гази Русия аз сӯи кишварҳои аврупоӣ ҳам коҳиш ёфтааст, аз ин рӯ, “Газпром” намедонад бо маводи сӯхти, тибқи созиш, аз Осиёи Марказӣ воридшуда, чӣ кор кунад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ахиран бори дигар ширкати “Газпром”-ро дар таркиш дар лӯлаи газ айбдор кард ва аз муовини сарвазир оид ба масоили нафту газ Тақбердӣ Тақиев хост, ки ин мавзӯъро бо раҳбарони “Газпром” матраҳ кунад: “Тақиев, ман аз шумо хоҳиш мекунам, ки бо мансабдорони “Газпром” музокирот кунед. Агар “Газпром” иштибоҳи худро эътироф накунад, он вақт мо барои тафтиши сабабҳои таркиш коршиносони мустақилро даъват мекунем. Агар мо айбдор бошем, мо ҳама хисоротро ҷуброн мекунем. Вале агар таркиш бо айби “Газпром” руд дода бошад, пас вай бояд маблағи таъмири луларо пардохт кунад ва хисороти ба Туркманистон воридшударо ҷуброн намояд”.

Рӯзи инфиҷор ҳукумати Туркманистон эълом дошт, ки таъмиру бозсозии лӯлаи газ ду-се рӯз идома хоҳад кард. Ва аммо бо жарфтар рафтани моҷаро миёни Ашқобод ва “Газпром” таъмиру тармими ин лула гӯё фаромӯш шуд. Гуфта мешавад, онҳо интизоранд, ки масъулияти таркиш оқибат бар дӯши кадом ҷониб бор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG