Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юрий Чайка: Сарнавишти Ямадаев то ҳол рушан нест


Додситонии кулли Русия айни ҳол ҳалокати фармондеҳи собиқи баталёни “Шарқ”-и Чеченистон Сулим Ямадаев дар Дубайро тайъид ваё рад карда наметавонад. Юрий Чайка, Додситони кулли Русия, имрӯз ба хабарнигорон гуфт, ки дар бораи ин ҳодиса иттилоъи зиёд мерасад ва аммо вазъ то ҳанӯз рушан нест. Ба иттилоъи полиси Дубай, Сулим Ямадаев рӯзи 28 март бар асари сӯиқасд аз олам даргузашт. Ва аммо пайвандони Ямадаев, аз ҷумла, бародараш Исо мегӯянд, ки Сулим зинда аст ва ба ҳаёташ хатаре таҳдид намекунад. Исо Ямадаев баъди сафар ба Дубай дар сӯҳбат бо як нашрияи чопи Маскав изҳор намуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз сӯиқасди нав ҳуҷраи бародараш дар бемористон таҳти назорати шадиди кормандони полиси Дубай қарор дорад.
Полиси Дубай дар сӯиқасд ба ҷони Сулим Ямадаев чанд нафар, аз ҷумла, вакили Думаи давлатии Русия Адам Делимхоновро гумонбар мехонад. Ва аммо Делимхонов ин иттиҳомро қатъӣ рад кардааст. Қаблан хабаргузориҳо навишта буданд, ки бо иттиҳоми даст доштан дар сӯиқасд як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Эрон боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG