Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин гуфтугӯи сарони исроилӣ ва фаластинӣ


Сарони Исроил ва маъмурияти худгардони Фаластин аввалин бор аз замони сарвазири Исроил шудани Бенямин Нетаняҳу дар ду ҳафтае пеш дар як сӯҳбати телефонӣ вориди гуфтугӯ шуданд. Мақомоти Исроил мегӯянд, раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос, бо ирсоли як паёми табрикӣ ба муносибати иди Песахи яҳудӣ ба Нетаняҳу ташаббускори ин гуфтушунид шуд. Сарвазири нави Исроил ба Аббос гуфтааст, умедвор аст, ду ҷониб аз тариқи ҳамкорӣ ба пешрафти тафоҳум байни исроилиҳо ва фаластиниҳо даст хоҳанд ёфт. Вале дар изҳороти мақомоти исроилӣ ҳалномаи таъсиси давлати Фаластин зикр нашудааст. Нетаняҳу гуфтааст, вай дар ҳоли ҳозир мухолифи таъсиси чунин давлат аст.
XS
SM
MD
LG