Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танишҳо дар Тифлис боло гирифтааст


Дар рӯзи саввуми тазоҳуроти мухолифин дар пойтахти Гурҷистон шаҳри Тифлис танишҳо боло гирифт. Раҳбарони мухолифин мегӯянд, як издиҳоми панҷоҳнафарӣ ба онҳо ҳамла карда ва шиорҳои саҳнаи онҳо дар назди порлумон ва ноқилҳои барқиро кандаанд. Вале маъмурони пулиси Тифлис гуфтанд, тазоҳургарон ба гурӯҳи фаррошоне дарафдотанд, ки барои рӯфтани маҳалли тазоҳурот омада буданд. Рӯзи шанбе бештар аз 5 ҳазор нафар тарафдорони мухолифин дар шаҳри Тифлис раҳпаймоӣ карданд, ки назар ба рӯзҳои гузашта камтар аст. Тазоҳургарон раиси ҷумҳур Михайил Саакашвилӣ ба ақибнишинӣ аз роҳи демократия ва оғоз кардани ҷанги фалокатбори кӯтоҳ бо Русия дар соли гузашта муттаҳам намуда ва талаб доранд, то вай аз мақомаш истеъфо диҳад.
XS
SM
MD
LG