Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар баррасии интихоботи Молдова


Додгоҳи Қонуни Асосии Молдова муҳокимаи дархости шумориши дубораи раъйҳо дар интихоботи порлумонии якшанбеи гузаштаи ин кишварро ба таъхир андохтааст. Додгоҳ гуфт, баъди ба даст овардани натиҷаҳои расмии интихобот дархости раиси ҷумҳури Молдова Владимир Воронинро ба баррасӣ хоҳад гирифт. Натиҷаҳои расмӣ, ки Ҳизби Коммунисти Молдоваро пирӯзи интихоботи порлумонӣ эълом кард, то ба ошӯбҳои хушунатомез оварда расонд. Аҳзоби мухолифи Молдова тарафдоронашонро рӯзи якшанбе ба тазоҳурот дар шаҳри Кишинёв даъват кардаанд, то ба гуфтаи онҳо боздоштҳои худсарона ва бадрафторӣ бо тазоҳургарон аз тарафи мақомоти интизомиро маҳкум намоянд.
XS
SM
MD
LG