Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви нишасти АСЕАН дар Таиланд


Ҳукумати Таиланд нишасти сарони кишварҳои узви АСЕАН- ро лағв кард, зеро тазоҳургарони хашмгин ба маҳалли баргузории ин нишаст дар шаҳри соҳилии Патая ворид шуда ва шароит барои сӯҳбати сарони чандин кишвари узвро имконнопазир карданд.

Абҳисит Веҷҷаҷива, сарвазири Таиланд дар ин шаҳр вазъи фавқуллода эълом кард ва гуфт, тамоми раҳбарони кишварҳое, ки ба Таиланд омада буданд, ба ватанашон бозгаштанд. Баъди он ки тазоҳургарон ба толори баргузории нишасти АСЕАН ворид шуданд, раҳбарони баъзе аз кишварҳои узвро аз тариқи чархбол аз маҳалли нишаст ба дигар ҷой интиқол доданд.

Қарор буд, имрӯз, 11-уми апрел, раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди кишварҳои ҷанубу шарқи Осиё ва ҳамчунин ҳамтоёни онҳо аз Австралия, Чину Ҷопон, Ҳинд, Зеландияи Нав ва Куриёи Ҷанубӣ масоили тиҷорат ва амнияти минтақаро баррасӣ кунанд. Тазоҳургарони тарафдори нахуствазири барканоршуда Таксин Шинаватра аз субҳи барвақт роҳ ба маҳалли ҳамоишро баста буданд ва баъдан ба маркази хабарии наздик ба толори нишаст ворид шуданд. Пулис ба тазоҳургарон, ки шиор ва завлонаҳои пластикиро алвонҷ медоданд, муқовимати зиёде накард.

Бебандубориҳои имрӯзаро як садамаи ҷиддӣ ба обрӯи нахуствазир Абҳисит Веҷҷаҷива медонанд, ки саъй дошт, вазъи Таиландро ором ва мӯътадил нишон бидиҳад. Вай чаҳор моҳ пеш баъди интихоботи порлумонӣ сари қудрат омад, баъд аз он ки Додгоҳи Таиланд, ҳукумати пешинро дар тақаллубкорӣ дар интихобот гунаҳкор ҳисобид ва онро пароканда кард.

Аммо тарафдорони Таксин Шинаватра, нахуствазири собиқ, ки соли 2006 дар як табаддуллоти низомӣ аз сари қудрат ронда шуда буд, хостори интихоботи нав ҳастанд. Онҳо аз нахуствазир Веҷҷаҷива мехоҳанд, аз мақомаш биравад, зеро ба гуфтаи тазоҳургарон ӯро мардум интихоб накарданд. Абҳисит Веҷҷаҷива батакрор даъват барои истеъфо доданро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG