Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯ аз Абхозистон дар коллеҷ тирпарронӣ кард


Дар Афина, пойтахти Юнон, як донишҷӯи 19-солаи коллеҷи касбомӯзӣ сӯи ҳамсабақонаш оташ кушод. Ӯ се нафарро маҷрӯҳ кард ва баъдан даст ба худкӯшӣ зад. Ба гуфтаи табибон, яке аз ҷароҳатбардоштагон дар вазъи сангин қарор дорад. Ба иттилоъи полис, ҷавони сӯи ҳамсабақҳояш оташкушода зодаи Абхозистон аст. Дар як номаи қабл аз ҳодиса иншошуда ӯ ин амали худро бо низоъ бо дигар толибилмони коллеҷ марбут кардааст. Расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки барои аввалин бор дар донишгоҳҳои Юнон ҳодисаи тирпарронӣ рух додааст.
XS
SM
MD
LG