Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лаҳистон нирӯҳояш дар Афғонистонро тақвият медиҳад


Раисиҷумҳури Лаҳистон, ё худ Полша, Лех Качинский гуфт, Варшава шумори нирӯҳояш дар Афғонистонро ба хотири таъмини амнияти интихоботи моҳи августи раёсати он ҷумҳурӣ то 20 дарсад тақвият хоҳад дод. Качинский бо як сафари эълонношуда дар Кобул ба сар мебарад ва бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ва шуморе аз нирӯҳои 1600-нафарии кишвараш мулоқот кард. Ӯ дар нишасти бо Карзай муштараки хабариаш гуфт, Лаҳистон ба вижа теъдоди нирӯҳои ҷангиашро дар Афғонистон тақвият хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG