Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Молдова Руминияро дар хушунатҳо айбдор кард


Раисиҷумҳури Молдова, Владимир Воронин, кишвари ҳамсояаш Руминияро дар тазоҳурот ва хушунатҳои дирӯзаи Кишинёв, пойтахти Молдова айбдор кард. Руминия иттиҳомоти Воронинро рад кард ва онро "иғвогарӣ" номид. Молдова сафири Руминияро ихроҷ ва сафири худро аз Руминия фаро хонд. Дирӯз дар ҷараёни тазоҳуроти зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе, ки тибқи онҳо ҳизби ҳокими коммунист пирӯз гардид, эътирозгарон бо полис даргир шуданд ва биноҳои маъмуриро ишғол карданд. Тибқи хабарҳо, дар ин даргирӣ як зан кушта ва наздик ба 100 нафар захмӣ шудаанд. Нерӯҳои амниятӣ шаби гузашта назорат бар кохи раёсатҷумҳурӣ ва бинои порлумони ин кишварро дубора ба даст оварданд. Влад Филат, раҳбари ҳизби либералҳои демократ имрӯз гуфт, кумисюни интихобот аз баррасии талаби бозшумории раъйҳо саркашӣ кардааст. Вай гуфт, пас аз хушунатҳо таъқибу фишори ҷиддие сурат хоҳад гирифт. Президент Владимир Воронин, ки ду даври қонунии раёсатро ба поён мерасонад ва ба истеъфо меравад, мухолифонро дар ташкили табаддулот айбдор кард. Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун ҳамаи тарафҳоро ба хештандорӣ даъват карданд. Вазорати умури хориҷии Русия нооромиҳои Молдоваро сӯиқасд ба истиқлолияти ин кишвар номид. Думаи давлатии Русия бо қабули як эъломия аз бархӯрди мақомоти Молдова ба тазоҳуркунандагон пуштибонӣ намуд.
XS
SM
MD
LG