Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар хушунатҳои Молдова як нафар кушта шудааст


Дар Молдова нерӯҳои амниятӣ шаби гузашта назорат бар кохи раёсатҷумҳурӣ ва бинои порлумони ин кишварро дубора ба даст оварданд. Дирӯз дар ҷараёни тазоҳуроти зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе эътирозгарон бо полис даргир шуданд ва ин биноҳоро ишғол карданд. Тибқи хабарҳо, дар ин даргирӣ як зан кушта ва наздик ба 100 нафар захмӣ шудаанд. Влад Филат, раҳбари ҳизби либералҳои демократ имрӯз гуфт, кумисюни интихобот аз баррасии талаби бозшумории раъйҳо саркашӣ кардааст. Вай гуфт, пас аз хушунатҳо таъқибу фишори ҷиддие сурат хоҳад гирифт. Президент Владимир Воронин, ки ду даври қонунии раёсатро ба поён мерасонад ва ба истеъфо меравад, мухолифонро дар ташкили табаддулот айбдор кард.
XS
SM
MD
LG