Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни зилзилаи Италия ба 260 расид


Мақомоти Италия мегӯянд, шумораи кушташудагон дар заминларзаи минтақаи Абруззо ба 260 нафар расид. Талоши наҷотдиҳандагон ба иллати чанд зилзилаи нав бо мушкил рӯбарӯ шудааст. Аммо наҷоти як зани 20-сола пас аз 40 соати машаққат дар зери шикастпораҳо мавриди таҷлил қарор гирифт. Сарвазири Италия, Силвио Берлусконӣ гуфт, амалиёти наҷот бояд боз ду рӯзи дигар идома кунад, ҳарчанд умед ба дарёфт ва наҷоти бозмондагони заминларзаи шадид, ки бо нерӯи 6,2 дараҷаи ҷадвали Рихтер, минтақаҳои марказии Италияро такон дод, акнун хеле заъиф аст.
XS
SM
MD
LG