Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ҳабси якумрии Сӯҳроб Лангариев ва шариконаш


Додгоҳи олии Тоҷикистон Сӯҳроб Лангариев ва 7 узви гурӯҳи ӯро, ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Увзи дигари ин гурӯҳ Аъзам Лангариев ба 21 соли зиндон маҳкум шуд. Аъзои ин гурӯҳ аз ҷумла дар тиҷорати ҳаҷми бузурги маводи мухаддир, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, зиддияти мусаллаҳона ба мақомоти давлат гунаҳгор дониста шуданд. Сӯҳроб Лангариеви 30-сола охири моҳи майи соли гузашта ҳангоми як амалиёти мусаллаҳонаи мақомоти интизомӣ дар шаҳри Кӯлоб боздошт шуда буд. Падар ва ҳамсари ӯ даст доштани Лангариевро дар аъмоли ҷиноӣ рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG