Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бағдод чаҳор инфиҷор ба вуқӯъ пайваст


Субҳи имрӯз бар асари инфиҷори чаҳор мошини ҳомили маводи тарканда дар Бағдод 18 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Таркиши аввал дар бозори Садр-Сити, воқеъ дар шарқи Бағдод, 10 кушта бар ҷой гузошт. Боз як мошин дар маркази шаҳр, дар канори Маркази таъмин бо кор инфиҷор шуд ва ба асари он шаш кас ба ҳалокат расиданд. Дар майдони тиҷоратии Ҳусейния низ ду инфиҷор рух дод, ки мунҷар ба ҳалокати ду нафар шуд.
Аз ин пеш иттилоъ расида буд, ки дар асари амалиёти низомӣ дар вилояти Диёл як сарбози амрикоӣ кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG