Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти изтирорӣ ва... бенатиҷаи Шӯрои амният


Раҳбари Корея шимолӣ Ким Ҷонги ду
Раҳбари Корея шимолӣ Ким Ҷонги ду

Рӯзи аввали баҳси партоби мушаки Кореяи шимолӣ дар Шӯрои амният бидуни натиҷа ва бидуни таҳияи кадом қарори мушаххас ва билофосилаи Шӯро дар қиболи масъала анҷом ёфт. Клод Ҳеллер, сафири Мексика, ки раёсати давраии Шӯрои амниятро бар ӯҳда дорад, гуфт, Шӯрои амният қасд дорад, баҳси мавзӯъро баъдтар идома диҳад.

Амрикову Ҷопон ва кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз Шӯрои амният тақозо карда буданд, партоби, ба гуфтаи онҳо, “иғвоангез”-и мушаки Кореяи шимолиро маҳкум кунад, вале Чину Русия ба посухи нармтару мӯҳтотонатар даъват карданд.

Бо вуҷуди ҳушдорҳои байналмилалӣ, Кореяи шимолӣ мушаки дурпарвозашро рӯзи якшанбеи панҷуми апрел партоб кард. Бино ба нахустин гузоришҳо, партоби ин мушаки сезинаӣ бомуваффақият анҷом ёфта, зинаи аввали он дар баҳри Ҷопон, дар наздикии соҳилҳои Кореяи шимолӣ ва зинаи дуввумаш дар уқёнуси Ором афтидааст. Хабаргузории давлатии Кореяи шимолӣ баъдтар хабар дод, ки ин мушак як моҳвораро ба мадор баровард, ки дар баландии аз 490 то 1 400 километр Заминро давр хоҳад зад.

Нозирони мустақил ҳанӯз ин хабарро тасдиқ ва ё радд накардаанд, вале агар он дуруст бошад, пешрафти бузурге барои Кореяи шимолист, ки дер боз дар бораи барномаҳои кайҳониаш ҳарф мезад. Амрико, Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон мегӯянд, дар ҳар сурат, партоби рӯзи якшанбеи мушаки Кореяи шимолӣ ба хотири озмоиши мушаки Таэподонг-2 аст, ки ба хотири то ба қаламрави Амрико бурда, расондани кулоҳакҳои ҷангӣ тарроҳӣ шудааст. Ва ин иқдом мухолифи қатъномаи соли 2006-уми СММ аст, ки таъқиби фанновариҳои ҳастаӣ ва раҳбурдии мушакиро барои Пхенян манъ мекунад.

Ҳар се кишвар, ки қаблан батакрор Пхенянро ба қатъи барномаи партоби мушакаш даъват карда буданд, амали ахири Кореяи шимолиро башиддат маҳкум карданд. Аз ҷумла, раисҷумҳури Амрико Барак Обама, ки дирӯз дар Прага дар бораи расидан ба як ҷаҳони орӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ сӯҳбат мекард, гуфт, иқдоми ахири Пхенян ба зарурати иттихози иқдомоти оҷил дар ин замина таъкид мекунад.

Аммо бо вуҷуди муроҷиъати Амрикову муттаҳидинаш ба Шӯрои амният, мавзеъгирии мӯҳтотонаи Русияву Чин, ду узви доимии ин Шӯро, мунҷар ба он шуд, ки Шӯрои амният дидгоҳаш дар қиболи қазияи партоби мушаки Кореяи шимолиро то ҳол муайян накарда, баҳси мавзӯъро ба тавқиф гузошт.
XS
SM
MD
LG