Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Делимхонов ба қатли Ямадаев муттаҳам шуд


Пулиси Имороти Муттаҳидаи Араб Адам Делимхонов, муовини сарвазири ҷумҳурии Чеченистони Русияро дар даст доштан дар қатли фармондеҳи собиқи чечен Сулим Ямадаев дар Дубай муттаҳам кард. Хабаргузории Ройтерс аз қавли раҳбари пулиси Дубай Заҳӣ Халфон Тамим навишт, далоили бадастомада ба таҳиягари ин куштор будани Делимхонов ишора мекунанд. Ямадаев, ки аз мухолифони раҳбари кунунии Чеченистон Рамазон Қодиров маҳсуб мешуд, дар ҳафтаи гузашта бар асари як сӯъиқасд дар Дубай кушта шуд. Бино ба хабарҳо, дар иртикоби ин ҳодиса, чанд нафар, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо исми Мақсудҷон зикр мешавад, боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG