Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори се полис дар Амрико


Дар шаҳри Питтсбурги ИМА марди мусаллаҳе се полисро аз тири туфанг ба ҳалокат расонд. Ин дуюмин ҳодиса қатли гурӯҳие дар Амрико дар давоми 24 соат гуфта мешавад. Полиси Питтсбург гуфт, ки ҳамлагар тасмаи зидди гулӯла ба бар карда ва интизори аз дафтар берун шудани афсарони полис буд. Полис ин марди 23-соларо дафъатан безарар ва боздошт кард. Ин ҳодиса як рӯз баъди он рӯй дод, ки марди мусаллаҳе рӯзи ҷумъа 13 нафарро дар як маркази муҳоҷирон дар шаҳри Бирмингеми аёлати Ню-Йорк ҳадафи тари қарор дод. Вай виетнамиасл буда шаҳрвандии Амрикоро доштааст. Мақомоти ИМА иддаои фармондеҳи Толибон Байтулло Маҳсудро рад карданд, ки дирӯз гуфт, худи ӯ дар паси ин ҳамла қарор дорад.
XS
SM
MD
LG