Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи парлумонӣ дар Молдова


Имрӯз дар Молдова интихоботи парлумонӣ ҷараён мегирад. Тибқи пурсишҳои афкори умум беш аз чаҳор миллион ҷамъияти ин ҷумҳурии шӯравии пешин аз ҳизби коммунист тарафдорӣ кардаанд ва танҳо баъд дар рейтинги маҳбубият ҳизбҳои марказу ростгаро қарор доштаанд. Дар гузориши Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо гуфта мешавад, ки омодагиҳо ба интихобот дар маҷмӯъ шаффоф ва касбӣ ба роҳ монда шудааст, ҳарчанд чанд мавриди манфии мисли сӯиистифода аз захираҳои маъмурӣ, роҳи тартиб додани рӯйхати раъйдиҳандагон ва пӯшиши ғайримунсифонаи интихобот аз ҷониби расонаҳои хабарӣ, ки бо такя ба ҳизби коммунист гузоришҳоро таҳияву тақдим кардаанд, ба мушоҳида расидааст. Дар минтақаи ҷудоихоҳи русзабони Назди Днестр раъйдиҳӣ ташкил нашудааст.
XS
SM
MD
LG