Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Македония


Сокинони Македония имрӯз дар фазои шадиди амниятӣ пои сандуқҳои раъй рафта дар даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии кишварашон иштирок мекунанд. Мақомот талош доранд, ки аз вуқӯи ҳама гуна хушунат ва қонунвайронкуниҳои марбут ба интихобот ҷилавгирӣ кунанд. Македония, дар гузашта бахше аз Ҷумҳурии Югославия, беш аз ду миллион аҳолӣ дошта нияти ҷиддии узвият дар НАТО ва Иттиҳодияи Аврупоро дорад. Раъйдиҳандагон бояд аз миёни раҳбари ҳизби ҳокими марказу ростгаро Георгий Иванов ва Любомир Фртсковский аз ҳизби сотсиал-демократ якеро интихоб кунанд. Ду ҳафта пеш дар паи даври аввали интихобот ин ду ба даври ниҳоии сабқат роҳ ёфта буданд. Мақоми раёсатҷумҳурӣ дар Македония бештар ифтихорӣ аст. Нозирони байналмилалӣ гуфтанд, ки дар муқоиса бо интихоботи пешини ин кишвар, даври аввали раъйпурсӣ дар фазои демократӣ баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG