Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти изтирории СММ оид ба мушаки Кореяи Шимолӣ


ИМА ва Ҷопон ба ташкили як нишасти изтирорӣ дар Шӯрои Амнияти СММ барои баррасии масъалаи партоби мушаки дурпарвози Кореяи Шимолӣ даъват карданд. Ин нишаст имрӯз қарор аст дар сохтмони СММ дар Ню-Йорк баргузор шавад. Мушак дар соатҳои тақрибан 7:30 субҳи имрӯз ба вақти Душанбе аз самти шимолушарқи Кореяи Шимолӣ ба мадор партоб шуд. ИМА ва дигар қудратҳои ҷаҳонӣ моҳҳои охир аз Пйонгянг зиёд тақозо мекарданд, ки аз ин нияти худ даст кашад ва ҳоло партоби мушак аз ҷониби онҳо ҳамчун як таҳдид арзёбӣ мешавад. Ҷопон гуфт, ки мушак аз болои қаламрави ин кишвар гузашта дар уқёнуси Ором поин шудааст. Ҷопон гуфт, ки барои гирифтани пеши роҳи ҳаракати мушак талоше накардааст. Дар изҳороте раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама ин амалро таҳрикомез унвон карда шадидан маҳкум кард. Вай гуфт, ки режими Кореяи Шимолӣ қатъномаи Шӯрои амнияти СММ-ро нақз кардааст, ки ба ин кишвар анҷоми фаъолиятҳои баллистикиро манъ кардааст. Обама гуфт, ки бо ин кори худ Кореяи Шимолӣ худро боз ҳам бештар дар инзиво қарор медиҳад. Хабаргузории расмии Кореяи Ҷанубӣ (Yonhap) дар нақли қавл аз мақоми давлатие мегӯяд, чунин ба назар мерасад, ки мушаки партобшуда ҳамроҳ бо худ маҳворае низ доштааст, аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки оё он бомуваффақият вориди кайҳон шуд ё на. Кореяи Шимолӣ муддатҳо пеш гуфта буд, ки ният дорад маҳвораеро ба мадор партоб кунад, аммо ИМА, Ҷопон ва муттафиқони дигари онҳо гуфтаанд, ки ин кишвар мехоҳад иқтидори мушаки нави кулоҳакдорро бисанҷад.
XS
SM
MD
LG