Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳомот алайҳи Стивенс лағв мешаванд


Вазири адлияи ИМА Эрик Ҳолдер дархост кард, ки ҳама иттиҳомот алайҳи собиқ узви Сенат аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Тед Стивенс лағв карда шаванд. Алайҳи Стивенс, ки 40 сол дар палатаи болоии Конгресси ИМА аз Аялска намояндагӣ мекард, моҳи октябри соли гузашта бо иттиҳоми пинҳон кардани тӯҳфаҳои ҷонибдоронаш парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Додрасе, ки чандин бор эълони ҳукм дар баробари Стивенси 85-соларо мавқуф гузошта буд, дархости вазири адлияро рӯзи 7 апрел баррасӣ мекунад ва ҳадс зада мешавад, ки онро мепазирад. Тед Стивенс дар Аляска басо машҳур аст ва мактабу фурудгоҳҳо ба номи ӯ гузошта шудаанд.
XS
SM
MD
LG