Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии мухолифони G-20 бо хун омехт


Дар арафаи ифтитоҳи нишасти G-20 дар шаҳри Лондон ҳазорҳо мухолифони ҷангу ҷаҳонишавӣ, фаъолони муҳити зист раҳпаймоӣ карданд.

Муаллиф: Ян Юн

Полиси Скотланд-Ярд дар роҳи эътирозгарон саф кашида, аз вазъи амниятӣ назорат мекард, аммо бо ин вуҷуд кор бо бархӯрди мардуму полис ва хушунатҳо анҷом ёфт. Полис хабар дод, ки дар пайи ҳамла ба Бонки салтанатии Шотландия 86 нафар боздошт шуда як эътирозгар ҷони худро аз даст дод.

Эътирозгарон шиорҳоеро назири ин ба забон меоварданд: "Мо пули бӯҳрони онҳоро доданӣ нестем!", "Аз соли 2003 ба ин тараф 7 миллион ироқӣ кушта, маҷрӯҳ ва бехонумон шудаанд!" ва ғайра. Аммо дар ҳоле, ки аксари эътирозгарон хостҳо ва шиорҳои мухталифро ба забон меоварданд, як чизи муштараке ҳам буд, ки аксари онҳо дар ин замина изҳори ноқаноатмандӣ мекарданд ва ин ҳам норизоият аз сиёсати раисиҷумҳури Амрико Барак Обама буд.

Баъзе аз эътирозгарон, мисли Ҷорҷ, як ҷавонмарди бекор, гуфтанд, ки аз Обама ноумед шудаанду вай ба ваъдаҳои порсолаи худ дар бораи ҷорисозии тағйироти куллӣ вафо накард. Ҷорҷ гуфт, "ба назари ман Обама вазъро тавре ҳаст, нигоҳ медорад. Ман фикр намекунам, ки вай чизеро тағйир бидиҳад ва ё кӯмаки ҷиддие карда тавонад. Шояд ҳам ниятҳои ӯ нек бошад, аммо дар паси раиси ҷумҳурии Амрико боз ҳам ҳамон одамҳо қарор доранд. Президентҳо салоҳиятҳои маҳдуд доранд".

Марди дигари 35-сола бо исми Гарӣ талош мекард вазъи Обамаро дар шароити бӯҳронҳои сартосариву мушкилоти сиёсии фаровон дарк кунад. Вай гуфт, "вай як инсон аст ва муҳим нест, ки қудрати ӯ чӣ андоза зиёд аст. Як мард ҳама чизро на дар имрӯзу на дар ин замон тағйир дода наметавонад".

Дар идомаи раҳпаймоиҳо наздик ба зӯҳр муҳити сулҳомези эътирозҳо якбора ба хушунат гаравид. Гурӯҳе аз анархистҳо ба дафтари Бонки салтанатии Шотландия дар дили маркази тиҷоратии Лондон ҳамла карданд.

Дар ин ҳодиса яке аз ҳамлагарон ҷони худро аз даст дод. Полис рӯзи панҷшанбе гузориш дод, ки дар ҷараёни ин эътирозҳо 86 нафар боздошт шуданд. Дар қисмати дигари шаҳр раҳпаймоиҳои нисбатан хурдтару сулҳомез то шом идома дошт. Дар ин эътирозҳои зиддиҷангӣ даъватҳо аз хатми барномаи ҳастаии Эрон то ваҳдати фаластиниҳо садо медод. Як марди ҳолландӣ бо исми Тонӣ, ки гуфт аз Обама интизороти зиёд дошт, ҳоло худро фиребхӯрда эҳсос мекунад:

"Ба назари ман, то имрӯз вай ҳеҷ кори назаррасе накардааст, ки низоми мавҷударо бо он чи ки пеш аз ӯ амал мекард, ҷиддан тағйир диҳад. Ӯ сарбозонро аз Ироқ фаро мехонад, аммо дар айни замон ҳузури худро дар Афғонистону Покистон афзоиш медиҳад. Ба назари ман, ин як сиёсати хеле хатарнок аст".

Буданд онҳое ҳам, ки аз таниши афзояндаи равобити Амрикову Эрон бар сари барномаи ҳастаӣ нигаронии худро баён карданд. Яке аз онҳо, ки ба рӯяш ниқоб кашида буду худро ҳамчун Аббос муаррифӣ кард, гуфт, "таъсисоти ҳастаии онҳо мавриди ҳамла қарор мегирад ва Русия ба Эрон барои кӯмак мешитобад. Ва дар натиҷа Русияву Амрико вориди як ҷанги ҳастаӣ хоҳанд шуд".

Бо зикри ин, Аббос навиштаҷотеро дар даст баланд мекард, ки алайҳи шурӯи ҷанги ҳастаӣ ҳушдор медод. Вай гуфт, умедвор аст, ки Обама ба Эрон ҳамла нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG