Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу сарвазири Исроил интихоб шуд


Парлумони Исроил Бенямин Нетаняҳуро дар мақрми сарвазири кишвар пазируфт. Кнессет ҳамчунин ҳайати нави ҳукуматро, ки аз сӯи Нетаняҳу пешниҳод шудааст, тасдиқ кард. Ба эътилофи ҳукмрон, ба ҷуз ҳизби ростгарои “Ликуд”, ки ба он сарвазири ҷадид сарварӣ мекунад, ҳамчунин ҳизби кор, ҳизби радикалии миллатгарои “Хонаи мо - Исроил” ва ҳизби мазҳабии “Шас” шомил шудаанд.
Бенямин Нетаняҳу зимни сухаронӣ дар иҷлосияи вижаи Кнессет изҳор намуд, ки ҳукумати ӯ барои мусолиҳа бо кишварҳои исломӣ ва таъмини амнияти Исроил талош хоҳад кард. Ва аммо сарвазири нав ба имкони таъсиси давлати мустақили Фаластин ишора накард. Имрӯз ваколати сарвазири Исроил расман аз Эҳуд Олмерт ба Бенямин Нетаняҳу интиқол дода мешавад.
XS
SM
MD
LG