Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои таҳқиқи парвандаи қатли Сафаралӣ Кенҷаев


Яке аз ду ҷиноҳи Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон таҳти роҳбарии Мирҳусейн Назриев аз Додситонии кулли кишвар тақозо кард, ки таҳқиқи парвандаи куштори бунёдгузори ин ҳизб ва раиси пешини Шӯрои Олии Тоҷикистон Сафаралӣ Кенҷаевро аз сар гирифта, омилон ва фармоишгарони ин кушторро ошкор намояд. Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки аз қатли Кенҷаев, ронандаи мошини хидматии ӯ ва муҳофизонаш дар 30-юми марти соли 1999 дар шаҳри Душанбе 10 сол гузашта, вале ин ҷиноят ифшо нашудааст. Куштори Кенҷаев ба сафи террори шахсиятҳои шинохтае мисли олимон Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Муҳамад Осимӣ шомил мешавад, ки нокушода ва ё монанди қатли Отахон Латифӣ, Муҳиддин Олимпур, кормандонии Созмони Милал -- Ричард Шевчек, Адолф Шарпегу, Ютака Акино ва Ҷӯраҷон Маҳрамов ҳалли онҳо шубҳаовар боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG