Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарифхон Самиев ба Норак меравад


Шарифхон Самиев, собиқ раиси ширкати «Барқи тоҷик» имрӯз, 31-уми март раҳбари нерӯгоҳи барқи обии Норак таъин шуд.

Шарифхон Самиев дар нимаи моҳи январ аз вазифаи раисии «Барқи тоҷик» озод шуда буд. Ҳамакнун, дар вазифаи нав ӯ Рустам Зоғаковро иваз кард.

Ҳамчунин, дар ҳукумати Тоҷикистон як идда тағйироти нав сурат гирифтанд.

Аловуддин Сатторов аз раисии ноҳияи Вахш ба раҳбарии «Тоҷиксуғурта» бар ивази Муҳибалӣ Сафаров таъин шуд. Алимурод Элмуродов, ки қаблан дар Дастгоҳи раисҷумҳур кор мекард, раҳбари ширкати «Тиллои тоҷик» таъин шуд. Хуршед Хайраков муовини раиси Кумитаи амният таъин шуд. Абдуғаффор Раҳмонов аз муовинати вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон ба муовинати аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат гузашт.

Раҳбари «ТоҷикЭйр» низ соҳиби се муовини нав шуд: Валерий Шарифов, Рашид Додобоев ва Қудратулло Қурбонов.
XS
SM
MD
LG