Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин барканориҳо дар ҳукумати Тоҷикистон


Шарифхон Самиев дар ҷаласаи солонаи гузашта аз раисҷумҳур Раҳмон танбеҳи зиёд шунида буд ва инак, пас аз як соли он танқидҳо аз маснад канор рафт.
Шарифхон Самиев дар ҷаласаи солонаи гузашта аз раисҷумҳур Раҳмон танбеҳи зиёд шунида буд ва инак, пас аз як соли он танқидҳо аз маснад канор рафт.

Шарифхон Самиев аз вазифаи раиси ширкати «Барқи Тоҷик» ва Фатҳиддин Муҳсиддинов аз вазифаи раиси ширкати «Тоҷикгаз» барканор шуданд.

Дар ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз, 15 январ оғоз шуд, нахустин тағйироти кадрӣ ба вуқӯъ пайваст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа аз талафи нерӯи барқ дар соли гузашта ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ нигаронӣ кардааст.

Фатҳиддин Мӯҳсиддинов, собиқ раҳбари "Тоҷикгаз"
Бар иловаи Шарифхон Самиев ва Фатҳиддин Мӯҳсиддинов, ҳамчунин, раҳбари «Тоҷиксемент» Маҳмадраҳим Каримов низ бо курсияш падруд гуфт.

Ҳаким Солиев аз вазифаи раҳбари Кумитаи андоз ба нафақа рафт. Президент Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳаким Солиев барои фаъолияти хубаш дар соҳаи андози кишвар қадрдонӣ намуд.

Ҳамчунин, роҳбари маркази татбиқи лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба таҳкими гумрук Анваршо Музаффаров аз вазифа озод карда шуд.



Дар рӯзи аввалиҷ аласаи ҳукуматӣ, президент Раҳмон ба вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ дастур додааст, то ҳар сол як вохӯрии президент бо сафирони Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ба нақша гирифта шавад ва мӯҳлати кори сафир дар як давлат аз 3 сол зиёд набошад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро намунавӣ арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти он сипос кардааст. Раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов низ барои ифтитоҳи шабакаҳои нави телевизионию радиоӣ сипос шунидааст.

Ба Вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ва роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо дастур дода шудааст, ки «баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат омода кардани мутахассисон ва муҳайё намудани заминаи муосири моддию техникӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва таъмини мактабҳои деҳот бо муаллимон чораҳои муассир андешанд».

Ба гуфтаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров, дар соли 2008 барои бо шуғли доимӣ таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат 114 ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҷумҳурӣ муҳайё карда шудааст. Дар соли равон бошад, тибқи иттилоъи ӯ, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегарданд.

Раиси Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» Муҳибалӣ Сафаров, раиси ноҳияи Роштқалъа Пайкармо Алиёрова ва раиси ноҳияи Рӯшон Хушқадам Хушқадамов бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод карда шудаанд.

Раиси ноҳияи Шуғнон Шамсиддин Орумбеков аз вазифа озод карда шуда, барои таъин намудани ӯ ба вазифаи муовини Раиси ВМКБ розигӣ дода шудааст.

Маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 16 январ низ идома хоҳад дошт. Дар рӯзи дуввуми маҷлис, баррасии фаъолияти раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо дар назар аст.
XS
SM
MD
LG