Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти давлатӣ


Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, раиси ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» Муҳибалӣ Сафаров аз вазифа барканор шуд ва ба ҷои ӯ Аловиддин Сатторов таъин гардид.Аловиддин Сатторов қаблан ба ҳайси раиси ноҳияи Вахш фаъолият мекард.

Абдуғаффор Раҳмонов аз вазифаи ҷонишини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон озод гардида, ҷонишини аввали кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи моликияти давлатӣ таъин шуд.

Ҳамчунин Сабзаалӣ Назиров ба симати раиси ширкати давлатии лоиҳаи «Рушди деҳоти Хатлон», Хуршед Хайраков - ҷонишини раиси кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва Сафаралӣ Саъдуллоев – ҷонишини раиси ширкати «Барқи Тоҷик» интихоб шуданд.
XS
SM
MD
LG