Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангезаи сиёсӣ дар куштори баъзе рӯзноманигорон


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия бовар дорад, ки куштори чанд рӯзноманигор ангезаи сиёсӣ дорад. Дар остонаи боздиди барномарезишудаи ҳафтаи ояндааш аз Лондон Медведев дар мусоҳибае бо Би Би Си гуфтааст, гоҳо "уқдаҳои сиёсӣ" дар паси чунин кушторҳо будаанд. Вай гуфт, ягона роҳи тағири вазъ пайдо кардани ҷинояткорон ва ба муҷозот кашондани онҳост. Гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон мегӯянд, Русия яке аз кишварҳои хатарноктарин барои фаъолияти рӯзноманигорон аст.
XS
SM
MD
LG