Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон: "Партоби мушак як амали таҳрикомез аст"


Вазири хориҷаи Амрико Ҳиллари Клинтон барномаи Кореяи Шимолӣ барои партоби мушакро чун як амали таҳрикомезе арзёбӣ кард, ки паёмадҳои муайян дар пай хоҳад дошт. Зимни суханрониаш бо хабарнигорон дар Мехико хонум Клинтон гуфт, ки дар сурати амалишавии ин барнома ИМА ният дорад ин масъаларо бо СММ дар миён гузорад. Пйонгянг гуфт, ки дар яке аз рӯзҳои аввали моҳи апрел ният дорад мушакеро ба мадор партоб кунад. Қудратҳои минтақаӣ мегӯянд, ки Кореяи Шимолӣ мехоҳад бо ин роҳ мушаки дурпарвозтарини худро озмоиш кунад.
XS
SM
MD
LG