Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама тарафдори тавсеаи НАТО ва равобити хуб бо Маскав


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама гуфт, ки вай тавсеаи НАТО ба кишварҳои дигари аврупоиро тарафдорӣ мекунад. Аммо баъди мулоқот бо раҳбари ин паймони низомӣ Яап Де Ҳуп Скеффер вай гуфт, ки омода аст дар самти беҳбуди бахшидани сатҳи ҳамкориҳо бо Русия талош ба харҷ диҳад. Мулоқоти ду раҳбар ҳафтае пеш аз нишасти НАТО баргузор шуд, ки қарор аст дар кори он маъмурияти Кохи Сафед стратегияи нави худ дар Афғонистон ва дидгоҳҳои худро оид ба нақши нирӯҳои НАТО дар ин кишвар муаррифӣ кунад. Русия шадидан мухолифи тавсеаи нуфузи НАТО то марзҳои кишвараш мебошад. Асабонияти бештари Маскавро барномаҳои паймон барои ба узвият қабул кардани Гурҷистон ва Украина ангезиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG