Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифшои барномаи сармоягузории хусусӣ ва давлатӣ


Вазорати молияи Амрико нақшаи харидории дороиҳои беарзишшударо аз ҳисоби захираҳои давлатӣ ва бонки марказии ин кишвар ба хотири пуштибонӣ аз ҷалби сармояҳои хусусӣ ошкор кард. “Барномаи нави сармоягузории хусусӣ ва давлатӣ” харидории қарзҳои ба истилоҳ бадро дар назар мегирад, ки сабаби сар задани бӯҳрони молии кунунӣ шуданд. Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама қабули ин барномаро чун қадами дуруст ситоиш кард:

"Мо хеле мутмаин ҳастем, ки дар ҳамоҳангӣ бо вазорати молия ва дигар сохторҳои дахлдор на фақат тавони бозкушоии бозорҳои қарздиҳиро хоҳем дошт, балки ба хотири ҷилавгирӣ аз пеш омадани ингуна бӯҳронҳои усулӣ як маъмурияти танзимкунандаро ҳам ташкил хоҳем кард".

Вазорати молия гуфт, ки барои ин барнома аз 75 то 100 миллиард доллар маблағро ихтисос медиҳад ва инчунин роҳи сармоягузорони хусусиро барои маблағгузорӣ ба ин барнома боз мекунад. Ин маблағҳо аз ҳисоби барномаи наҷоти 700-миллиарддолларӣ гирифта мешавад, ки аллакай аз ҷониби Конгресс қабул шудааст. Сармоягузорон ба хабари мазкур вокуниши мусбат нишон доданд. Саҳмияҳои Dow Jones дар бозори арз якбора 500 нуқта боло рафт.
XS
SM
MD
LG