Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари Хумайнӣ даргузашт


Дар Эрон ҳазорҳо нафар дирӯз дар маросими дафни ҳамсари Оятулло Руҳулло Хумайнӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон иштирок карданд. Дар маросими хоксупории хонум Хадича Сақафӣ раиси ҷумҳурӣ, раҳбари кунунии олии Эрон ва мақомоти баландпояи дигари ин кишвар иштирок карданд. Хадича Сақафӣ, ки баъди бемории дарозмуддат дар синни 93-солагӣ даргузашт, дар мақбараи хонаводаии Хумайнӣ дар ҷануби Теҳрон ба хок супурда шуд. Вай дар соли 1931 бо раҳбари ояндаи олии Эрон издивоҷ карда дар тамоми муддати зиндагиаш дур аз чашми ҷомеаи Эрон ба сар бурдааст. Вай соҳиби се духтар буд.
XS
SM
MD
LG