Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Эрон аз паёми Барак Обама


Як мақоми баландпояи ҳукумати Эрон гуфт, Барак Обама – раиси ҷумҳур Амрико, ки хостори “оғози нав” дар равобити дипломатии ду кишвар шудааст, бояд гуфтаҳояшро дар амал иҷро кунад. Дар як паёми видеоии наврӯзӣ, Барак Обама гуфт, Иёлоти Муттаҳида хоҳони як равобите бо Эрон аст, ки “самимӣ ва бар асоси эҳтироми тарафайн” бошад. Алӣ Акбар Ҷавофикр - мушовири аршади раиси ҷумҳури Эрон, аз паёми Барак Обама истиқбол кард, вале гуфт, Обама бояд сиёсати Амрико нисбат ба Эронро ба таври бунёдӣ тағйир диҳад. Иёлоти Муттаҳида ва Эрон тақрибан се даҳсола аст, ки бо ҳам равобити дипломатӣ надоранд.
XS
SM
MD
LG