Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри дороии мансабдорон: кӣ зид, кӣ тарафдор?


Нишасти порлумони Тоҷикистон
Нишасти порлумони Тоҷикистон

Бархе аз вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон хостори равшансозии дороии афроди мансабдор шудаанд.

Дар ин бора вакилони Маҷлиси Намояндагон ба мақомоти Оҷонси мубориза бо фасоди молии назди раисҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Юсуф Аҳмедов, вакили мардумӣ дар порлумон, гуфт, то имрӯз ҳадди маоши раисҷумҳурии Тоҷикистон ва раҳбарони вазоратхонаву кумитаҳои давлатӣ аз назари мардум пинҳон мондааст. Вай ифшои дороии мансбадоронро як василаи муҳими мубориза бо фасодӣ молӣ дар кишвар донист ва гуфт: “Яке аз роҳҳои мубориза бо коррупсия ин ҳар сол додани эъломия дар бораи даромади шахсони воқеии ҷумҳурӣ аз боло то поён аст. Халқ бояд донад, ки дар як сол кӣ чанд пул маош мегирад ва бо ҳамин маош чӣ месозад ва чӣ мегирад”.

Аммо Салимзода Шерхони Одина, раиси оҷонси мубориза бо фасоди молӣ, ин даъвои Юсуф Аҳмедовро радд кард ва гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамасола ин эъломияро пур ва ба кумитаи андоз пешниҳод мекунанд. Ба гуфтаи вай, соли ҷорӣ низ ин маърака идома мекунад ва ҷараёни пур кардани эъломияҳоро дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таҳти назорат хоҳад дошт: “Ин ҳолат аллакай дар қонунгузори мо ҷой дорад ва амал мекунад. Ман ба ин даъвои шумо ризо буда наметавонам. Мо ҳар сол то якуми апрел эъломия дар бораи даромад ва амволро ба мақомоти андоз пешниҳод мекунем”.

Ҷаноби Салимзода ба унвони мисол аз муовини худ ёдоварӣ кард, ки соли гузашта барои пур накардани эъломия дар бораи шахсони воқеӣ танбеҳ дидааст. Бо ин вуҷуд, ба ин посухи раиси оҷонси мубориза бо фасоди молӣ на ҳама вакилони мардумӣ ризо буданд ва Юсуф Аҳмедов бори дигар хост, ки ин эъломия дар расонаҳо нашр шаванд ва сокинон аз он огоҳӣ пайдо кунанд. Ҳарчанд раиси оҷонси мубориза бо фасоди молӣ ин пешниҳодро радд ва ё тасдиқ накард, аммо баҳсу баррасии онро ба навбати дигар гузошт.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода нашри дороии мансабдоронро зарур медонад
Вале Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ, ки соли гузашта дар феҳристи ғайрирасмии сад сарватманди Тоҷикистон ҷой гирифта буд, нашри дороии мансбадорон, бахусус, ҳадди маоши онҳо дар расонаҳои кишварро зарур донист. Дар ҳоле ки ба гуфтаи вай, ин мансабдорон аз ҳисоби молиёти пардохтаи шаҳрвандон маош мегиранд: “Вай депутат аст ё мансабдори дигар, бояд маошашро ҷомеа бидонад. Зеро вайро ҳамин шаҳрвандон истихдом кардаанд. Ва андозсупорандаҳо бояд донанд, ки хидмати кадоме аз ин мансбадор ба чӣ қадар пул меарзад. Ҳич мумкин нест пинҳон кардани он. Ман мухолифам, ки депутатҳо маоши худро пинҳон кунанд. Бояд мардум донанд, ки фаразан як депутат се ҳазор сомонӣ ва ё раиси парлумон нӯҳ ҳазор сомонӣ маош дорад. Чаро мо инро пинҳон мекунем?”

Ин дар ҳолест, ки Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик, баъид медонад, ки мансабдорон розӣ шаванд, то эъломияи дороии онҳо дар расонаҳо пахш ва нашр шавад. Вай мегӯяд, ин мавзӯъи баҳсест, ки солҳо инҷониб матраҳ мешавад, аммо то ҳанӯз беҷавоб мондааст: “Вақте дороии худро ошкор мекунанд, ба мардум ошкор мекунанд, ки зиндагии шоистаи онҳо на аз ҳисоби маош, балки шояд аз манбаъҳои дигари ғайриқонунист. Ва ҳамингуна нафрати мардум зиёд мешавад. Аз ин рӯ, бовар надорам, ки онҳо барои паҳн кардани эъломияи дороии мансабдорон тариқи васоити ахбор моил шаванд”.

Мансабдороне, ки доир ба моликияту сарвати онҳо дар байни мардум достонҳои зиёдеро мешунавед, ҳарчанд музди кори онҳоро на бештар аз 500 ё 600 доллар медонанд, ки ҳоло барои як зиндагии хуб кофӣ нест.

Созмонҳои байнулмилалӣ ва худи ҳукумати Тоҷикистон ҳам эътироф мекунанд, ки ришваву фасодкорӣ дар тамоми сохторҳои ҳукумат реша гирифтааст. Ва Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо низ ахиран дар як гузориши вижа фасодкориро як омиле номид, ки Тоҷикистонро дар роҳе ба сӯи суқуту нокомӣ ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG