Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости тоҷикони Қирғизистон аз вазорати маориф


Дар барномаи навбатии "Садои ҳамватан" мавзӯъҳои зерин баррасӣ мешавад.

Номаи Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба вазорати маорифи Тоҷикистон

Ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, номае фиристода, дархост кардааст, ки ба мактабҳои тоҷикии Қирғизистон бо китоби таълимӣ кумак кунанд. Ин нома дар ҳоле ба вазири маорифи Тоҷикистон фиристода мешавад, ки сокинони деҳаи Андараки Қирғизистон ба ҷамъияти тоҷикони ин кишвар, ки номи "Рӯдаки"-ро дорад, номае навиштаанд ва аз набуди китоби таълимӣ ба забони тоҷикӣ шиква кардаанд. Муддате пеш сокинони деҳаи Ӯчқурғони ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон баъд аз солҳо дубора кӯдаконашонро ба синфи якуми мактаби тоҷикӣ бурданд ва таъкид карданд, ки дар сурати таъмин нашудани синфҳои тоҷикӣ бо китоби таълимӣ мумкин аст таълими фарзандони онҳо ба забони модариашон зери суол равад.

Инъикоси манфии муҳоҷирони кории хориҷӣ дар матбуоти Русия


Вақтҳои ахир дар матбуоти Русия афзоиши ҷурму ҷиноёт дар ин кишварро ба гурӯҳҳои муҳоҷирони кории хориҷӣ иртибот медиҳанд. Ҷомеашиносон мегӯянд, талошҳое ба назар мерасад, ки матбуоти Русия мехоҳад муҳоҷирони кории хориҷиро ҷинояткор муаррифӣ кунад. Вале дар асл ҳазорон нафар соҳибкорони Русия аз кори муҳоҷирони хориҷӣ сӯиистифода ва баҳракашӣ мекунанд. Онҳо муҳоҷиронро ба василаи, ба истилоҳ, "бизнес" ё даромади худ табдил додаанд ва ҳуқуқи инсонии онҳоро поймол мекунанд. Дар шаҳрҳои мухталифи Русия муҳоҷирони кории хориҷӣ ҳамеша аз тарафи пулис ва гурӯҳҳои ҷинояткор мавриди таҳқир қарор мегиранд. Ба дасти гурӯҳҳои миллатгарову ҷиноятпеша тақрибан ҳар рӯз як ё чанд нафар муҳоҷирони кории хориҷӣ кушта мешаванд. Аммо матбуоти Русия саъй мекунад, дар ин бора хомушӣ ихтиёр кунад ва дар ин робита масъалаҳои ҳуқуқи башарро ба қалам надиҳад.

Дилсардии ҷавонони минтақаи Кӯлоб аз муҳоҷирати корӣ дар шароити бӯҳрони молӣ

Дар Тоҷикистон муҳоҷирати мавсимӣ барои ҷустуҷӯи кор дар Русия оғоз шудааст. Онҳое, ки солҳои пеш ба таври худҷӯш ба Русия роҳ пеш мегирифтанд, ҳоло мегӯянд, ки ба сабаби бӯҳрони молӣ дар ҷаҳон пайдо кардани кор душвортар шудааст. Ҷавоне дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, вай як моҳи пеш дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафтааст, вале баъд аз саргардониҳо дубора ба ватан баргаштааст. Ҷавони дигаре мегӯяд, танҳо баъд аз пайдо кардани ҷои кори муносиб ва дақиқ бояд озими Русия шуд.

Муҳоҷирати корӣ аз Рашт ба Русия ба таъхир афтодааст

Аммо муҳоҷирати корӣ аз водии Рашт ба Русия дар мавсими ҷорӣ нисбат ба солҳои пеш ба таъхир афтодааст. Муҳоҷирони корие, ки чанд сол таҷрибаи корӣ доранд, ҳамеша бо дӯстону наздикони худ дар Русия телефонӣ тамос доранд ва мунтазиранд, ки кай барояшон ҷои кор пайдо мешавад. Шуморе дигар мехоҳанд дар зодгоҳашон бимонанд ва барои худ ҷои кор пайдо кунанд. Вале шак доранд, ки аз чунин ҷои кор дар зодгоҳ битавонад барои гузарони зиндагӣ пули кофӣ ба даст оранд.

Чопи нахустин шумораи нашрияи тоҷикии "Хуросон" дар Санкт Петербург

Бо кӯшиши ҷамъияти дӯстии мардумони Тоҷикистону Русия дар Санкт Петербург нахустин шумораи нашрияи "Хуросон" ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз чоп баромад. Дар он асосан аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷики муқими шаҳри Санкт Петербург ва вилояти Ленинград, аз ҷумла кори муҳоҷирон дар корхонаҳои мухталиф, ширкати тоҷикон дар мусобиқоти варзишии шаҳр, ташкили иттиҳодияҳои синфӣ ё "профсоюз"-и муҳоҷирон ва ҳамоиши тоҷикон мақолаҳо ба нашр расидаанд.

Барои шунидани барномаи «Садои ҳамватан» ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро нохун занед.
XS
SM
MD
LG