Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотамӣ аз интихоботи президентӣ даст кашид


Муҳаммади Хотамӣ, собиқ раисҷумҳури Эрон
Муҳаммади Хотамӣ, собиқ раисҷумҳури Эрон

Муҳаммади Хотамӣ, собиқ раисҷумҳури Эрон, расман номзадии худро аз интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар фаро хондааст.

Зимни як эъломия вай сабаби фарохонии номзадии худро ҷилавгирӣ бад-ин васила аз тақсими оро миёни ислоҳталабон номидааст. Хотамӣ гуфтааст, вай дар интихоботи 12-уми июн ширкат нахоҳад кард, то бовар ҳосил шавад, ки овардани тағйирот соддатар хоҳад буд.

Ворид шудани Муҳаммади Хотамӣ ба муборизоти интихоботӣ бар зидди Маҳмуди Аҳмадинажод дар як моҳи қабл умеди баъзе аз ислоҳталабонро бештар кард, умеди онҳоеро, ки хостори равобити бештар бо Ғарб ва озод кардани ҳукумати муҳофизакори исломӣ мебошанд.

Аммо ду номзади дигари маъруф аз ҷониби ислоҳталабон вориди муборизаҳои интихоботӣ шудаанд. Яке аз онҳо нахуствазири собиқ Мирҳусейн Мусавӣ аст ва Хотамӣ бар ин ақидааст, ки Мусавӣ метавонад шумораи бештари ороро аз муҳофизакорон бигирад.
XS
SM
MD
LG