Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

NYТ: "Бо Эрон бархӯрди вижа бояд кард"


Ҳафтаи равон дар гӯшаҳои мухталифи олам ҷашни Наврӯз оғоз меёбад. Дар Эрон таҷлили фарорасии соли нав ду ҳафта идома мекунад. Яке аз анъанаҳои наврӯзӣ ҷаҳидан аз болои оташ аст, ки аснои он ҳар фард бо садои баланд замзама мекунад: "Зардии ман аз ту, сурхии ту аз ман!"

Бо зикри ин анъана муаллифи мақола дар нашрияи муътабари " New York Times " Роҷер Коҳен таъкид кардааст, ки аҳли олам ва ба вижа ИМА бояд вазъи Эронро дуруст дарк кунанд. Ба ақидаи шореҳ Коҳен, сиёсате, ки дар муқобили кишварҳои арабӣ истифода мешавад, дар Эрон ба кор намеояд, зеро эрониҳо ҳайсияти худро ҳифз намудаанд.

Муаллифи мақола менависад, эрониҳо аз тақвиму забони форсӣ ва маҳзаби шиа ҳамчун васила барои муқовимат ба ҷаҳони арабу суннӣ кор мегиранд. Коҳен мегӯяд, дар тӯли асрҳо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва мазҳаби шиа барои эрониҳо маънои истиқлолро касб кардааст.

Роҷер Коҳен инқилоби конститутсионии соли 1906-умро мисол оварда, таъкид мекунад, ки ба фарқ аз кишварҳои арабии Сурия, Арабистони Саудӣ ва ё Миср эрониҳо дар ибтидои асри бистум тақозои ташкили ҳукумати дорои намояндагии васеъро дар миён гузошта буданд. Ба қавли Роҷер Коҳен, ҳоло аз Миср то Алҷазоир ҷумбишҳои исломии ифротгаро бо орзуи салтанати доимӣ қиём кардаанд, вале дар Эрон инқилоби исломӣ 30 сол пеш ғалаба карда буд ва акнун ислом саъй дорад, бо тақозои замонавии мардум созише пайдо кунад.

Дар идомаи мақолааш дар нашрияи New York Times Роҷер Коҳен навиштааст, ки рушди равобит бо Эрон ба нафъи ИМА мебошад. Ӯ афзудааст, ки чунин равобит тамоми мувозинати нерӯҳо дар Ховари Миёнаро тағйир хоҳад дод. Коҳен мегӯяд, набояд ба фикри ғалат роҳ дод, гӯё ҷомеаи Эрон чизе ба ғайр аз муллоҳои даҳшатафкани ташнаи бомбаи ҳаставӣ нест.

Ба қавли номбурда, прагматизм ва ё маслиҳатгароӣ ҷавҳари наҷоти инқилоби исломӣ буд. Коҳен ба ёд меорад, ки дар солҳои ҷанги сард режими Эрон бо Исроил низ ҳамкорӣ дошт, Теҳрон ҷанги Ироқро қатъ кард, соли 1998 баъди куштори дипломатҳои эронӣ дар Афғонистон Ҷумҳурии Исломӣ аз раҳандозии ҳамлаи интиқомӣ болои Афғонистон худдорӣ намуд ва баъди ҳамлаҳои сентябри соли 2001-ум болои шаҳрҳои амрикоӣ ба эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА кумак расонд.

Муаллифи мақола дар рӯзномаи New York Times ҳатто пешбурди барномаи ҳаставии Теҳронро амали ба истилоҳ прагматӣ меномад, зеро Эрон бо кишварҳои Исроилу Покистони дорои силоҳи ҳаставӣ рӯ ба рӯ мебошад ва ду кишвари ҳамсояаш: Ироқу Афғонистон аз тарафи ИМА ишғол шудаанд. Дар чунин ҳол, ба гуфти Коҳен, Эрон мисли Кореяи Шимолӣ силоҳи ҳаставиро гарави амният мешуморад.

Коҳен умедвор аст, ки дар муомила бо Эрон ИМА ҳам аз маслиҳатгароӣ кор мегиранд ва муллоҳо хоҳанд фаҳмид, ки худдорӣ аз тавлиди бомбаи ҳаставӣ гарави наҷоти онҳост.
XS
SM
MD
LG