Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу ва Либерман ба созиш расиданд


Дар Исроил дар робита ба таъсиси эътилофи ҳукмрон дар парлумон нахустин созиш ҳосил шуд. Раиси ҳизби ростгарои "Ликуд" Биниамин Нетаняҳу, ки масъулияти таъсиси ҳукумати навро бар дӯш дорад, бо раҳбари эътилофи ростгароҳои радикал Авигдор Либерман дар бораи вуруди ин ҳизб ба эътилофи ҳукмрон ва кобинаи нави вазирон ба тавофуқ расид. Тибқи созиши ҳосилшуда, Либерман дар ҳукумати нав мақоми вазири умури хориҷаро ишғол хоҳад кард. Авигдор Либерман аз мухолифони ашадии арабҳо маҳсуб мешавад.

Ва аммо созиш бо ростгароҳои радикал пуштибонии аксари вакилони парлумонро аз ҳизби "Ликуд", ки барои таъсиси ҳукумат зарур аст, таъмин нахоҳад кард. Аз ин пеш музокироти Нетаняҳу ва раҳбари ҳизби марказгарои "Кадима", вазири умури хориҷа Сипи Ливнӣ бидуни натиҷа поён ёфта буд. Кобинаи нави вазирони Исроил бояд то рӯзи 3 апрел ташкил шавад.
XS
SM
MD
LG