Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артур Гулкоров: "Тоҷикистон бароям азиз аст"


Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ню-Йорк бо раққос Артур Гулкоров, фарзанди раққосаи маъруфи тоҷик Малика Қаландарова мусоҳиба кард.

Фирӯз Баротов: “Артур, аз дидорат дар Ню-Йорк шодам, бигӯ, ки дар ин ҷо зиндагиат чӣ гуна асту, дар ҳаёти эҷодиат чӣ хабарҳои тоза ҳастанд?”

Артур Гулкоров: “Одатан, вақти зиёди ман дар Маскав мегузарад, аммо дар Ню-Йорк ҳам зиндагӣ мекунам. Дар Амрико оилаам зиндагӣ мекунад ва барномаҳои эҷодиам амалӣ мешаванд, ки ҳеҷ охир надоранд. Умуман, ман барои ду кишвар кор мекунам. Дар Ню-Йорк чун Маскав консертҳои зиёд баргузор намешаванд ва маъмулан дар тарабхонаву марказҳои дилхушӣ метавон кор кард. Маблағи даромадамро барои сабти суруд ва дӯхтани либосҳои саҳнавӣ сарф мекунам.”

Фирӯз Баротов: “Артур, дар Амрико раққосону дигар ҳунармандон хеле зиёданд, бигӯ ки кори ту бо чӣ вижагиҳо аз онҳо фарқ мекунад?”

Артур Гулкоров: “Воқеан, раққосон хеле зиёданд, вале ҳар кас усули махсуси кори худро дорад. Аммо сирри муваффақияти ман дар он аст, ки аввал ман фарзанди афсонаи зиндаи рақси шарқ Малика Калонтарова ҳастам. Баъдан, ҳунари ман худододӣ буда, ман бо он зиндагӣ мекунам, рақс барои ман танҳо як мояи даромад ё шуғли дӯстдошта нест, балки ман бо он зиндагӣ мекунам.

Барномаи ман гуногун аст, одатан ман, ки дар марказҳои тафреҳӣ ва ё тарабхонаҳо ҳунарнамоӣ мекунам, аз ин рӯ баъзан рақсҳоямро ба хости раҳбарияти он ҷо мувофиқ мекунам. Аммо рақсҳои ман хеле зиёданд, вале бисёри онҳоро на дар ҳама ҷо истифода кардан мумкин аст. Барои мисол, рақси худои Офтобро дар майдони калон наметавон истифода кард, чун барои мардум ҳаракоти махсус ноайён мемонад. Аммо, дар маҷмӯъ, ҳамаи рақсҳои ман, аввал бо назардошти талаботи саҳнаҳои профессионалӣ таҳия мешаванд. Мутаасифона, ахиран дар Душанбе ман бо рақси кӯҳнаам баромад доштам. Аммо нақша дорам, ки ин навбат ба Душанбе бо барномаи наву васеъи ҳунариам сафар бикунам”.

Фирӯз Баротов: “Ман шунидам, ки ту дар баробари раққосӣ ба овозхонӣ низ шурӯъ кардаӣ, чунин аст?”

Артур Гулкоров: “Сирри худро фош мекунам, албоми ман ҳоло дар Маскав сабт мегардад. Таронаҳо ғолибан омехта аст ва ман мехоҳам ба забони тоҷикӣ низ суруде сароям. Ҳоло дар ҷустуҷӯи оҳангсоз ва шоире ҳастам, ки таронаву оҳанги беҳтарину рақсиро бароям пешниҳод созад”.

Фирӯз Баротов: “Артур, ту таҷрибаи ҳунарнамоӣ ҳам дар саҳнаи тоҷик ва ҳам саҳнаҳои кишварҳои мухталифро дорӣ, бигӯ, ки фарқи саҳнаи тоҷик аз дигар саҳнаҳои байналмилалӣ дар чист?”

Артур Гулкоров: “Албатта, мардуми тоҷик маро бо гармии зиёд пешвоз мегирад. Ман худам Душанберо дӯст медорам, дар хиёбонҳои Душанбе бароям қадам задан хеле писанд аст. Дар маҷмӯъ, ман ҳамаи саҳнаҳо ва мухлисони тамоми ҷаҳонро дӯст медорам, аммо дар Тоҷикистон мардум ба ман чун ба ҳамватани худ муносибат мекунанд ва ин кишвар бароям азизу мардумаш аз ман аст.”
XS
SM
MD
LG