Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полякҳои Белорус конгрес баргузор мекунанд


Созмони миллии полякҳои Белорус конгреси худро баргузор мекунанд, бо вуҷуди ин ки мақомот баргузории чунин конгресро мамнуъ эълон кардаанд. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс гузориш додааст, ки дар чаҳор соли ахир Иттиҳоди Полякҳои Белорус бори аввал чунин конгрес баргузор мекунад. Конгрес ба таври сулҳомез оғоз шуд ва дар кори он аз 174 намояндаи пешбинишуда 158 нафар ширкат доштанд. Фаъолияти ин созмон аз соли 2005 мамнуъ эълон шудааст. Бисёре аз вакилони ин конгрес гуфтаанд, ки пулис ва КГБ онҳоро барои бозпурсӣ даъват кардааст ва ҳушдор додааст, ки онҳо барои ширкат дар конгреси созмони сабти ном нашуда ба муҷозот кашонда мешаванд.

XS
SM
MD
LG