Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду сарбози НАТО дар Афғонистон


Дар Афғонистон дар задухурдҳо бо мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” як сарбози бритониёвӣ ва як низомии фаронсавӣ ба ҳалокат расиданд. Сарбози бритониёвӣ бар асари як инфиҷор дар вилояти ҷанубии Ҳилманд ва сарбози фаронсавӣ дар як амалиёт дар вилояти Каписо, воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон кушта шуданд. Дар амалиёт дар Каписо ҳамчунин як сарбози дигари фаронсавӣ ва шаш низомии афғон ҷароҳат бардоштанд.
Аз шурӯъи амалиёти нерӯҳои байнулмиаллӣ дар Афғонистон дасти кам 150 низомии бритониёвӣ ва 27 афсару сарбоз аз Фаронса ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG