Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни садама афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни садамаи автобус бо сайёҳон аз Русия дар Вйетнам ба 12 нафар расид. Ҳашт нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ва чаҳор тани дигар дар бемористон аз олам даргузаштанд. Қаблан хабар дода мешуд, ки дар ин садама 9 шаҳрванди Русия ва як хонуми тарҷумон аз Вйетнам ҷон бохтаанд. Садамаи автобус субҳи имрӯз дар вилояти Тхуанхай, дар 150 километрии шаҳраки фароғатии Далат рух дод. Дар автобус 24 сайёҳ аз Русия ва ду вйетнамӣ менишастанд.
XS
SM
MD
LG