Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама аз нишасти G-20 хушбин аст


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, бовар дорад, ки дар ҳамоиши гурӯҳи G-20 манофеъи кишварҳои узви ин гурӯҳ аз гузашта ҳам дида ба ҳам созгор меоянд. Қарор аст, раҳбарони ин кишварҳои пешрафта моҳи оянда дар шаҳри Ландан ҷамъ омада ва мушкилоти иқтисоди ҷаҳониро баррасӣ кунанд. Барак Обама гуфт, мехоҳад итминон дошта бошад, ки талошҳо барои таҳрики иқтисод дар тамоми кишварҳо ба “қадри кофӣ қавӣ” аст. Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин гуфт, дар нишасти гурӯҳи Ҷи – 20 ҳамчунин вазъи кишварҳои босуръат рушдкунандае ба мисли Ҳинду Чин ва роҳҳои пешгирӣ аз фурӯпошии иқтисоди онҳо баррасӣ хоҳад шуд. Дар гурӯҳи G-20 на танҳо кишварҳои сарватмандтарини ҷаҳон, балки Ҳинду Чин ва Бразилия ҳам шомиланд.
XS
SM
MD
LG