Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ба ҷояш дар НАТО бармегардад


Николя Саркозӣ - раиси ҷумҳури Фаронса эълом кард, ки кишвараш ба сохтори ягонаи фармондеҳии паймони низомии НАТО боз хоҳад гашт. Чиҳил сол пештар, Чарз Де Гол - раиси ҷумҳури пешини Фаронса бо баҳсе дар робита ба нуфузи Амрико дар Аврупо, кишварашро аз ин сохтор хориҷ кард, ки масъули барномарезии стротежии НАТО аст. Николя Саркозӣ дар як нишасте дар шаҳри Порис гуфт: "Фурсати он расид, то ба ин вазъ хотима дода шавад, зеро ин кор ҳам ба манфиати Фаронса ва ҳам Аврупост. Бо поён додан ба ин раванд, Фаронса, қавитар ва бонуфузтар хоҳад шуд. Чаро ки онҳое, ки ғойиб буданд, ҳамеша ғалат кардаанд. Чаро ки Фаронса бояд ҳамроҳ бо дигар аъзои НАТО пешсаф бошад, на тобеъи дигарон." Яаап Де Ҳуп Схеффер – аз ин тасмими ҳукумати Фаронса истиқболи гарме кардааст. Қарор аст, 60-солагии Паймони Низомии Атлантики Шимолиро моҳи оянда дар шаҳри Страсбурги Фаронса таҷлил кунанд.
XS
SM
MD
LG