Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳо барои кӯмак ва ҳимоят аз занон


Зимни таҷлил аз рӯзи байналмилалии занон дар саросари ҷаҳон занон бо талаби ҳуқуқи баробар ва эътироз ба зидди хушунати хонаводагӣ ва камбизоатии афзоянда раҳпаймоӣ карданд. Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико гуфт, нақши занон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ “ҳаётист” ва ба ширкати комил ва фаъоли занон дар саросари ҷаҳон даъват кард. Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, “то кунун ягон кишвари дунё ба баробарии комили занон муввафақ нашудааст”. Дабири кулли Созмони Милал Бан Ги Мун ин ҳафта гуфт, ҳар панҷ зан дар ҷаҳон як нафар таҷовуз шудааст ва дар баъзе аз кишварҳо, аз ҳар се зан як нафари онҳо аз дасти мардҳо як навъ азият мекашад.
XS
SM
MD
LG