Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варшикасташавии 17-умин бонк дар ИМА


Дар Амрико аз аввали сол боз як бонк - бонки 17-ум - дучори варшикастагӣ гардид.

Аз рӯи нишондоди молиявии худ «Бонки Озоди Ҷорҷия» (Freedom Bank of Georgia) дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба мавҷудияти худ хотима дод. Бонки мазкур 17-умин бонкест, ки аз аввали соли равон дучори варшикастагӣ шуда, ба таъбири маъмул «таркидааст».

Дар ин бора FDIC, Корпоратсияи бимаи депозитҳо, хабар дод.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли 2008 дар ин кишвари пурқудрати дунё 25 бонк, аз ҷумла бонкҳои бузурге чун «Lehman Brothers» ва «Bear Stearns», ба варшикастагӣ мувоҷеҳ гардида, дар бозорҳои молияи ҷаҳонӣ биму даҳшатро эҷод карда буд.

Қаблан FDIC хабар дода буд, ки шумораи бонкҳои «масъаладор» дар ИМА дар мавҷи буҳрони дувуми ҷаҳонии молиявӣ аз рӯи натоиҷи семоҳаи ахири соли 2008 ба 252 адад расид. Бонкҳои масъаладор он бонкҳое маҳсуб мешаванд, ки ба онҳо аз рӯи нишондиҳандаҳои молиявӣ қатъи фаъъолият таҳдид мекунад. Аз рӯи омори танзимкунанда, ҳудуди 13%-и идороти молиявии феҳристи марбутаи FDIC кори худро қатъ мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир коршиносони зиёд бар инанд, ки, агар давлат сармояи худро ба онҳо ворид накунад, «Citigroup» ва «Bank of America» низ дучори чунин ҳолат хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG