Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки-мун Судонро ба хештандорӣ даъват кард


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун, аз ҳукумати Судон даъват кард, тасмими ихроҷи созмонҳои имдодрасонро дар эътироз ба ҳукми Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ бознигарӣ кунад. Судон пас аз эълони ҳукми боздошти раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир, ки дар ҷиноятҳои ҷангӣ айбдор мешавад, тасмим гирифт, 10 созмони асосии байнулмилалии хайрияро аз кишвар хориҷ кунад. Бан ҳушдор додааст, ки хуруҷи ин созмонҳо ба амалиёти имдодрасонӣ ба ниёзмандон дар Дорфур "тахриби ғайриқобили ислоҳ" ворид хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG