Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Эронро ба ҷаласаи масоили Афғонистон даъват мекунад


Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон ба ҳайси як тағйири бузурги сиёсӣ эълон кард, ки кишвараш нақша дорад, Эронро ба конфаронси байнулмилалии масъалаҳои Афғонистон даъват кунад. Ин ҷаласа қарор аст, охири моҳ баргузор шавад. Изҳороти Клинтон дар нишасти вазирони умури хориҷии Паймони Атлантики Шимолӣ, дар Бруссел, садо дод. Клинтон гуфт, конфаронси масъалаҳои Афғонистон 31-уми март таҳти сарпарастиии Созмони Милали Муттаҳид баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG