Сарони тариқат аз обрӯ ва эътибори бузург миёни мардуми маҳаллӣ бархурдоранд, оромгоҳҳои суфиҳои маъруф дар ҳама манотиқи Афғонистон ба ҷойҳои зиёрати мардум табдил мешаванд. Ва бо назардошти ин далоил, коршиносон ҳарчӣ бештар ба он нукта ишора мекунанд, ки суфиҳо метавонанд бо истифода аз обрӯву эътибори худ дар таъмини сулҳу субот дар ин кишвари ҷангзада саҳм бигиранд.
Сайид Исҳоқ Гелонӣ, сиёсатмадори маъруф ва аз сарони аршади тариқати тасаввуф мегӯяд, чун нерӯҳои мусаллаҳ ба шикасти Толибон муваффақ нашуданд, пас бояд аз дигар роҳу василаҳо ба ошӯби онҳо хотима гузошт. Бештари ҷонибдорони тариқати тасаввуф дар Афғонистону Покистон - пайравони ҷараёнҳои Қодирия ва Нақшбандияанд, ки ба онҳо мутаносибан сулолаҳои Гелонӣ ва Муҷаддадӣ сарварӣ мекунанд. Сайид Исҳоқ Гелонӣ мутмаин аст, ки фақат аҳли тасаввуф метавонанд Толибонро барои даст бардоштан аз хушунат мутмаин созанд. Аслан, ба гуфтаи Гелонӣ, раҳбари ҷунбиши Толибон Мулло Умар мустақилона ба омӯзиши тасаввуф пардохта ва баъдан ба ҷараёни Ваҳҳобияи Ислом рӯ овардааст.
Дар ҳамин ҳол, бархе коршиносон мутмаинанд, ки ҳарчанд сӯфиҳо худро аҳли тоату ибодат ва дур аз шӯру шари замон мехонанд, дар асл солҳо боз вориди сиёсат шудаанд ва ҳатто дар набардҳо ширкат мекунанд. Аз ҷумла, солҳои 80-уми қарни гузашта сӯфиҳо ба ҷиҳод алайҳи нерӯҳои Шӯравӣ пайвастанд. Аз сӯи дигар, сӯфиҳо тарзи раҳбарии ғарбии ҳукумати Афғонистонро қабул надоранд.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи коршиносон, аҳли тасавуф назар ба пайравони дигар ҷараёнҳои мазҳабии Ислом, аз ҷумла, ваҳҳобия бештар мӯътадил, таҳаммулпазир ва сулҳхоҳанд. Масъуд Нақшбанд, пажӯҳишгари тасаввуф ва муҷоҳиди собиқ мегӯяд, ин тариқат пуштибони хушунат нест, дар ҳоле, ки баъзе гурӯҳҳои мазҳабӣ дар Афғонистон ва Покистон аз ифротгароӣ кор мегиранд.
Моҳҳои ахир баъзе коршиносони ғарбӣ, ба вижа, маркази амрикоии Ренд Корпорейшн пешниҳод мекунанд, ки аз аҳли тасаввуф ҳамчун дифоъ аз гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро ҳарчӣ бештар пуштибонӣ ёбанд. Ва аммо, ба гуфтаи Сайид Исҳоқ Гелонӣ, ҳама гуна пуштибонии ошкори кишварҳои ғарбӣ аҳли тасаввуфро ба шакку шубҳа ва нобоварии мардум мувоҷеҳ хоҳад кард. Ӯ меафзояд, пуштибонии Ғарб бояд эҳтиёткорона ва дур аз сиёсат сурат бигирад.
Ва аммо агар сарони тариқати тасаввуф барои силоҳ ба замин гузоштани Толибон талош кунанд, оё афроди мусаллаҳ ба ҳарфи онҳо гӯш хоҳанд дод? Аз нигоҳи коршиносон, агар сарони тариқати тасаввуф барои вориди музокироти сиёсӣ кардани Толибон муваффақ шаванд, метавон гуфт, ки нуфузи онҳо дар сулҳу субот дар Афғонистон воқеъан ҳам муассир аст.