Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони машварати ИМА ва Эрон барои Афғонистон


Ҳилларӣ Клинтон, котиби давлатии Амрико, аз эҳтимоли ҳамкории ИМА бо Эрон сари масоили Афғонистон эълон кардааст.

Ҳилларӣ Клинтон пеш аз сафар аз Ховари Миёна ба Аврупо дар як нишасти хабарӣ гуфт, агар чунин иқдом «муносиб ва муфид» бошад ва агар «Эрон битавонад созанда амал кунад», масъалаи машварати Вошингтон бо Теҳрон баррасӣ хоҳад шуд.

Вай ба собиқаи ҳамкориҳои ду кишвар дар мавриди Афғонистон ишора карда гуфт, «дар рӯзҳои нахустини талошҳои низомии Амрико ва муттаҳидони мо барои таъқиби Толибон ва Ал-Қоида ҷониби Эрон ҳамарӯза бо сафири мо машварат мекард».

Ахиран бархе аз таҳлилгарон ва коршиносон ҳадс мезаданд, ки имкон дорад, гуфтушуниди Амрико ва Эрон дар мавриди мавзуи Афғонистон шурӯъ шавад. Таҳлилгарон ин гуфтушунидҳоро ба нақшаи нави ИМА барои ҳалли масоили Афғонистон ва афзоиши нерӯҳои худ дар ин кишвар рабт медиҳанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, пас аз эҷоди мушкилиҳо дар роҳи ҳамлунақли лавозимот барои низомиёни ИМА тавассути хоки Покистон ва ҳамчунин тасмими Қирғизистон барои бастани пойгоҳи низомии «Манас», Амрико ба роҳҳои нави транзитӣ ба Афғонистон эҳтиёҷ дорад. Ва ҳатто имкон дорад, ки масъалаи транзити борҳо аз роҳҳои Эрон ба Афғонистон, ки кутоҳтарин масир аст, миёни Вошингтон ва Теҳрон баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG